КӮЛОБ. Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ виляоти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Одилзода Дилбар, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҳизб, ҳамчунин, фаъолон, вакилони ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб, Шӯрои собиқадорони ҳизб ва ВАО баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳафт масъала, аз ҷумла натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021, тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ ва “Ҳамрози халқ”, ҷамъбасти муқоисакунонии аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ, таҳлили фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, тасдиқи буҷа ва воҳидҳои корӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор дар назди ҳозирин баромад намуда, дар назди ҳозирин ҳисобот дод.
Зимни музокираҳо Шоинов Ҳасан ва Абдураҳмонов Шералӣ ибрози назар намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун аъзои фаъоли ҳизб барои Ватану миллат содиқонаву самимона хизмат намоянд. Инчунин, пешниҳод намуданд, ки ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроия дар давраи фаъолият қаноатбахш ҳисобида шавад.
Доир ба масъалаи 2-юми рӯзномаи маҷлис нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис бошад, аз рафти ҷамъбасти муваффақонаи нақша - супориши обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ибрози назар гардида, ҳайати Раёсат ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати саривақтӣ ва босифат анҷом додани нақшаи пешбинишуда изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, яъне муқоисакунонии аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин гузориши муффасал дод.
Ҷиҳати баррасии масъалаи панҷум бошад, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шари Кӯлоб, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода Саимурод аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ҳисоботи худро пешкаши аҳли толор намуд.
Вобаста ба масъалаҳои шашум ва ҳафтуми рӯзномаи маҷлис буҷа ва воҳидҳои корӣ ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ба овоз монда шуда, якдилона қарор қабул карда шуд.
Ҳамзамон Одилзода Дилбар ба сухан баромада, изҳор дошт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2020 фаъолияти назаррасро ба анҷом расонидааст.
Дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин таъкид шуд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, ки ба барои ҳимояи манфиатҳои халқ равона шудааст, сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем.