БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО ДАР ИҶРОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА ВОДОР НАМУД

АНДЕША. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки санаи 26.01.2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа равона шуда, дар Паёмашон зикр намуданд, ки дар соҳаи маориф ва илм 72% занҳо ва дар соҳаи тиб 68% занҳо кор ва фаъолият менамоянд.

Дар Паёми навбатӣ, Сарвари давлат фаъолияти кории тамоми соҳаҳои кишварро таҳлил ва баррасӣ намуданд. Махсусан таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ва илм равона шуда буд. Дар замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олӣ  барои донишандӯзии толибилмон фаъолият намуда, зиёда аз 245000 донишҷӯ таҳсилро давом дода истодаанд. Ғайр аз ин зиёда аз 40000 донишҷӯёни тоҷик бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат таҳсилро дар донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар давом дода истодаанд.

Дар самти кишоварзӣ вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин чунин иброз доштанд, ки ҳамаи кишоварзони Ҷумҳурӣ аз андози ягона дар соли 2021 барои як сол озод карда мешаванд.

Барои фарзандони шарафманди Тоҷикистон дар дохили Ҷумҳурӣ зиёда аз 157 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2020 сохта ба истифода дода шудааст, ки 63000 ҷойи нишастро дар бар мегирад.

Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон сиёсати дохилию хориҷии кишварро баррасӣ намуда, ҳамаи соҳаҳоро таҳлил карданд. Инчунин,  оид ба  зиёд шудани стипендияи донишҷӯён, аспирантҳо ва нафақаи нафақахӯрон супориши мушаххас доданд. Ҳамзамон нафақаи кӯдакони маъюби то синни 18 сола 20% ва маъюбони гурӯҳи якум 50% баланд бардошта мешавад.

Дар соли 2020 вобаста ба вазъи ба амал омадани пандемияи КОВИД-19 барои дастгирии оилаҳои камбизоат ва бепарастору маъюбон 450 миллион сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ ҷудо карда дода шудааст. Ин иқдомҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамоянд, ки аз як гиребон сар бароварда,  барои ободониву созандагӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми худро гузорем.  

Қодирова Бибиробия, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ                                                

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg