АНДЕША. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 26.01.2021 дар дар «Кохи Сомон» баргузор гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро мушаххас баён намуданд.
Паёми навбатӣ ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли воқеан ҳам таърихӣ, сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишварамон сурат гирифт.
Дар баромади худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки соли сипаригардида барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҳамаи лиҳоз вазнин буд. Бемории ҳамагири КОВИД-19 боиси бо шиддат паст рафтани фаъолияти иқтисодӣ, афзоиши бекорӣ ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардид.
Бо назардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет афзоиши талаботи маблағгузорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ махсусан дар самти тандурустӣ ба амал омад. Барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб аз маблағҳои иловагӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ равона гардид.
Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷои нишаст бунёд ва ба истифода дода шуд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020-2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ» дар соҳаи илму маориф эълон гардид ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 қабул гардид. Илова бар ин Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ҳамасола озмуни Ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.
Инчунин, Вазорати молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд вазифадор карда мешаванд, ки якҷоя бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанни риёзӣ, дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Имрӯзҳо мушкилоти асосӣ дар кишвар норасоии муассисаҳои томактабӣ мебошад. Дар соли сипаришуда ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ҷавобгӯи талабот нест.
Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувонро дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ додани Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон боиси хурсандии мо занон гардид.
Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 шумораи занони вакил чи ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси вакилони шаҳру ноҳияҳо аз интихоботи гузашта ба маротиб афзудааст. Саҳми занон дар рушди соҳаи илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт меафзояд. Имрӯз дар соҳаи маориф 73% ва дар соҳаи тандурустӣ 68 %-ро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Ҳукумати мамлакат ба хотири ҷалб намудани бештари занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат аз мо шаҳрвандон даъват ба амал оварданд то дар баробари омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем, чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.
Моро мебояд ҳама якдилу яктан шуда баҳри иҷроиши он дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намудаанд, кӯшиш ба харҷ диҳем.
Зардакова Назира, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ