БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарзандонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия менамоем

БАЛҶУВОН. Тибқи  нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Балҷувон  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Балҷувон” мулоқот баргузор гардид.

Зимнан дар назди ҷамъомадагон масъулин оид ба суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони кишвар, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар барои пешрафту шукуфоии Ватан бо нерӯи тавоно кору фаъолият карда, фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем ва таҳкурсии ояндаи Ватани азизамонро  аз ин дида мустаҳкамтар созем.

Дар охир ҷамъомадагон суолу дархостҳои хешро ба масъулин пешниҳод намуда ба суолҳои хеш ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg