ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов дар оромгоҳи деҳаи Хоҷа Дурбод бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷа Дурбод” ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, дар ҳаққи гузаштагон дуои нек карданд.