АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарор «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, муждаи пур аз навгониҳост ва мусоидат баҳри зиндагии шоиста мебошад.
Дар Паём аз самтҳои пешбурди хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон, варзиш, сайёҳӣ ва дигар вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд, ки моро мебояд баҳри амалӣ гардидани онҳо камари ҳиммат баста, барои рушду нумуи кишвари маҳбубамон хизмтҳои софдилона намоем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин аҳамияти махсуси ахлоқиву андешаҳои пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи Паёмҳояшон дар барои адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарварӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардонидани масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ, маърифатӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқи аҳолии мамлакат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки боиси хурсандист дар соли шадид ва сангини пандемия мамлакати мо ба пешравӣ ноил гардида, талафотҳои натиҷаи онро бе мушкилотҳои ҷиддӣ паси сар намудем, ба ин нигоҳ накарда иқтисоди кишвар 4,5 баробар рушд ёфта, бо вуҷуди мушкилотҳои марзӣ, иқтисодӣ соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар ҳоли рушд ва инкишоф қарор дорад.
Ҳамзамон, дастуру супоришҳое, ки дар Паём ироа гардиданд, моро зарур аст, ки ҳамаҷониба омодагӣ ва захираи 2-солаи худро намоем.
Дурандешии Роҳбари кишвар оинаи равшане аст, ки дар Паём баҳри самаранок истифода бурдани замин, самари хуб гирифтан аз он ва зиндагии шоиста доштани деҳқонон дар соли 2021 онҳо аз пардохти анлози ягона озод карда шуданд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки минбаъд ҳамасола дар Тоҷикистон ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб намудани ҷавонон, олимон ва омӯзгорон таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардида, истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафт нақши арзанда мегузоранд.
Дар Паёми имсола ҳар як зани Тоҷикистонӣ, паёғоми пурифтихор буд, ки дар он мақому манзалати зан баланду ситоиш гардид. Аз тарафи Президенти мамлакат қайд гардид, ки «Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диқати ҷидди дода мешавад» ва аз тарафи Президенти кишвар пайваста дастгирӣ ёфта истодаанд ва лаёқатманду соҳибкасб ва баландихтисоси онҳо то рафт ба хизмати давлатию идоракунӣ ҷалб гардида истодаанд. Мо занҳоро мебояд, ки дар росто саҳми арзишманди худро баҳри созандагӣ, бунёдкории кишвар, мустаҳкам намудани оила, соҳибмаълумот будани занон ва пешрафт, гузорем.
Паёми имсола бо нусрату муждаи нав баҳри мардум ироа гардида, вазифаҳои мушаххасро пешниҳод намудааст. Аз ин лиҳоз дар соли 2021 мо ҳизбиён бо эътинои комил баҳри зиндагии шоистаи мардум ҳадафҳои онро иҷро ва амалӣ намуда, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам нумуъёфта ва гулгуншукуфон намоем.
Одиназода Ҳуснигул, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ