БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ҶОМЕА

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 ҳамчун дастури рушди беҳдошти ҷомеа роҳнамо ва ҳидоятгари умеду орзуҳои ояндасози мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Муваффақият ва дастовардҳое, ки дар солҳои Истиқлолият дар мамлакат ба чашми ҳар як соҳибватан мерасанд, маҳз дар заминаи Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафҳои муҳими стратегӣ доранд ба даст омадааст.

Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём дарҷ шудаанд, гувоҳ бар онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан боз ба дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад ва Истиқлолияти давлатӣ бештар мустаҳкаму қавӣ мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ аз ҳама бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ, кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа арзиш доштани ҳаллу фасли мушкилотҳои ба ин соҳа алоқамандро таҳлил менамоянд ва дар Паёми навбатӣ бори дигар масоилеро мавриди мулоҳизаи аҳли ҷомеа намуданд, ки онҳо ниҳоят ҳадафнок, соҳибқадамона маҳсуб ёфта, аз далелу рақамҳои иборат буда, ки ҳар кадоми онҳо равшанӣ месозанд, ки Роҳбари бохиради Тоҷикистон бо саъю талоши комил ва азми бепоёни шоиста мехоҳад камбудиҳои иҷтимоиро дар бахшҳои кишоварзӣ, иҷтимоӣ, илму маориф, тандурустию фарҳанг ҳаллу фасл намоянд ва барои таҳким ва рушди ин соҳаҳо асоси устувори иқтисодӣ ва молиявӣ гузаронад ва тараққиёти онҳоро муътадил ва пайдарпай таъмин намояд. Нуктаи дигаре, ки мо мушоҳида намудем ин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба ҷавонон ва насли наврас равона буд. Пешвои миллат ҷавононро чун ҳамешагӣ нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеа шуморида таъкид карданд, ки ҷавонон ба қадри ободию ободкорӣ мерасанду дар пешрафту рушди давлати навини тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Хулоса карда гӯем Паёми имсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як фарди ватанхоҳу ватандӯст Барномаи мукаммали солона мебошад. Мо фаъолон ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар баробари тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон дар самти тадбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта дар ин роҳ масъулияти худро оид ба амалишавии иҷрои барномаҳо ва ҳадафҳои созандаи он таъмин кунем.

Р. Хурсандзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ                                                                           

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg