АНДЕША. Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити боз ҳам муташанниҷ гардидани вазъи сиёсию иқтисодии сайёра ироа гардид.
Паём тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.
Дар ин росто, бо дарназардошти он, ки муҳтавои Паём васеъ буда, таваҷҷуҳи ҷомеа вобаста ба мавзӯъҳои дар он баррасигардида хеле зиёд аст, вазифаи мо ҳизбиён аз он иборат аст, ки шарҳу тавзеҳи онро дар миёни аҳолӣ ба таври фарогир ба роҳ монда, халқро ҳамчун нерӯи бузурги пешбарандаву ободкор барои анҷоми вазифаҳои муайяншуда сафарбар намоем.
Паёми навбатӣ аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масоили амниятӣ ва сиёсати хориҷии давлат дар ин росто таъкидҳои судманд баён карда шуд. Тавре қайд гардид, масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо - Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд.
Мо, ҳамчунин, мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид.
Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 ислоҳоти низоми рафтуомади шаҳрвандони хориҷиро идома дода, ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвар тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст. Зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад.”(анҷоми иқтибос)
Ғафурзода Фирдавс, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак