БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ВАТАНАНД

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и Ҷамоати деҳоти Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов Сорбон  бо хонандагони синфҳои болоӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни мулоқоти хониши сиёсӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ, оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон, ва инчунин дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  оид ба бемории сироятии коронавирус  ва  роҳҳои пешгирии он суханронӣ намуда, қайд карданд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ моро зарур аст, ки пайваста аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода намоем ва фосилаи иҷтимоиро риоя карда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода кардан, мулоқот гузаронида шуд. Дар мулоқот  ҳамчунин роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик  Абдулманонов Сорбон  низ ибрози сухан намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg