БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИРОДАИ ЗАНОНРО БАРОИ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ ҚАВИТАР НАМУД

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ  иброз доштанд, ки  “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон  дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешаванд”.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шуданашон ба масъалаҳои баланд бардоштани марбут ба занон ва ҳаллу фасли онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва нақши онҳо дар ҷомеа пайваста тадбирҳои судманд меандешанд ва дар ҳар вохӯрию суханрониҳои хеш аз заҳмату талошҳои занон ва бовариашон ба ғайрату шуҷоати онҳо ёд менамояд. Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо бонувони саодатманди ин диёр аст, ки Пешвои муаззами миллат меҳнати занону духтаронро қадр карда, нисбати фаъолияти эшон назари нек доранд ва мавқеи ин қишри ҷомеаро дар татбиқи сиёсат,  иҷтимоии давлат, дастгирӣ  намуда,  кору пайкори онҳоро ҳамеша  намунаи ибрат медонанд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар ҳамаи арсаҳои ҳаёт ҳамчун чеҳраи тобон шинохта шудааст.Бояд қайд кард, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд, қудрати фитрии зани тоҷикро дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ сарбаландона иҷро намудани рисолати роҳбариро собит созанд. Ин шинохт имконият дод, ки то ҷомеа ҳам инро этироф намояд.

Паёми навбатии Президенти мамлакат мақоми олии қонунбарори кишвар, ки дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, сиюмин солгарди истиқлоли Ватани азизамон ироа гардид, мо занону духтаронро водор месозад, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору пайкори хеш қарор дода, дар пешрафту ободонии Ватани хеш аз ин ҳам бештар кӯшишу ғайрати худро равона намуда, барои рушду нумӯи Ватан ва тарбияи фарзандони бонангу номуси миллат саҳмгузор бошем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соли равон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки “Ман ба нерӯи созандаи тамоми   мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менмоям, ки мо ҳама якҷоя бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддас, 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дуртарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Дар навбати худ мо занон -  бонувони ҷавони мамлакати маҳбубамон ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориҳои Пешвои миллат ваъда медиҳем, ки аз ин бештар ба Ватани азиз, ба давлату Ҳукумати кишвар хизмат намуда, саҳми худро дар рушду шукуфоии Ватани хеш беш аз пеш мегузорем.

ҒУЛОМОВА Рупиямоҳ, мудири Маркази саломатии  деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg