БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БАРОИ МО ҶАВОНОН ҲАМЧУН ДАСТУРАМАЛИ МУКАММАЛУ МУШАХХАС БА ҲИСОБ МЕРАВАД

АНДЕША. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Паёми имсолаи  худ нисбат  ба ҷавонон тавваҷуҳи хоса дода,  иброз намуданд, ки ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузоштанд, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.

Солҳои охир саҳми ҷавонон дар рушди варзиш ва оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар миёни аҳли ҷомеа назаррас мебошад.Агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ ҳазор иншооти  варзишӣ фаъолият дошта бошад, пас  соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд. Яъне,  шумораи  иншооти варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз нуҳ баробар зиёд гардидааст.Танҳо  соли 2020, яъне соли пандемия ва шароити мушкили иқтисодиву молиявӣ барои наврасону ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 147 иншооти варзишӣ бо харҷи 1 миллиарду 63 милион сомонӣ сохта,  ба истифода дода шудааст. Мо ба хотири ҳавасманд намудани варзишгарон соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи варзиш таъсис додем, ки то имрӯз қариб 200 нафар варзишгарони ҷавон  соҳиби он гардидаанд.Мо минбаъд низ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонии он, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷалби боз ҳам бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву  навоварӣ, дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон ва бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон диққати аввалиндараҷа медиҳем.

Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад.

Дар  шароити ҷаҳонишавӣ, яъне таҳоҷуми фарҳангиву забонӣ моро зарур аст, ки  баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ барои пешрафти   забони тоҷикӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он мунтаззам кӯшиш ва ғамхорӣ намоем.  

Мо ҷавонони бонангу ори ин Ватану сарзамини биҳиштосо  ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои мо чунин шароитҳои хубу замонавиро дар кӯтоҳтарин муҳлат  фароҳам овардааст, бо як таасуроти нек ва боварии комил ваъда медиҳем, ки дар ҳама соҳаҳои мухталифи кишвар сидқан кор ва фаъолият намуда, барои ояндаи Тоҷикистон саҳмгузор хоҳем шуд.

РАҶАБАЛИЗОДА Ҳокималӣ Раҷабалӣ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg