БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ БА ҶОЙИ МАЪРАКАҲОИ АЗОДОРӢ

ПАНҶ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти мардум ва дар ин замина, сафарбар кардани аҳолӣ ба созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Нуробод” бо ҷалби аъзо  ва фаъолони ташкилоти ибтидои мазкур Аксияи тарғиботӣ- амалӣ таҳти унвони  “Якҷоя месозем!” роҳандозӣ гардида, бо истифода аз қувваи фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ва мардуми маҳал роҳи  маҳалла сангфарш карда шуд.пас аз анҷоми корҳои ободониву созандагӣ маҳаллаи мазкур симои худро куллан иваз карда, барои рафту омади сокинон дар фасли зимистон мусоидат хоҳад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg