БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - БАРНОМАИ ЗИННАТБАХШИ ЗИНДАГИИ МО

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Панҷ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ ҷиҳати фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳ монда шуд.

Дар баромади худ Ϝафуров Сайдамир мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, дастовардҳои назаррас, раванди босуръати саноатикунонии кишвар, арзишҳои фарҳангӣ, татбиқи сиёсати занон ва ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар Паём зикр гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамчунин қайд кард, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамо ва дастури муҳим барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва заминаи воқеӣ барои таъмини зиндагии шоистаи халқ маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg