ХОВАЛИНГ. Сокинони ноҳияи Ховалинг Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ элон гардидани соли 2018 – ро бо хушнудӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд. Зеро онҳо хуб медонанд, ки ин пешниҳоди саривақтии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи зиндагии мардум боз ҳам хубтару беҳтар гардад. Ба воситаи ин пешниҳод бисёриҳо имкон меёбанд, ҳам ба ҷойи кор ва ҳам бо шуғли дӯстдоштаи худ машғул шаванд.
Боиси қаноатмандист, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шудааст.
Имрӯз дар Ховалинг чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хурду калон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ машғуланд. Ҳар сари чанд вақт дар муассисаҳои таълимӣ, деҳаҳои ҷамоатҳои деҳот ва дар маркази ноҳия озмуни маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия, ки дар он хурду калон иштирок менамоянд, гузаронида мешавад. Озмунҳои гузаронидашуда яке аз дигаре бо номгӯи молҳои ниёзи мардум ва ҳунарҳои мардумӣ фарқ мекунад. Аз озмун то озмун дар сифати маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия низ тағйиротҳои сифатӣ дида мешавад.
Чунин озмунҳои ҳунарӣ ва ҳавасмандгардонӣ хонандагон, бонувон, занон ва дигар ҳунармандони гулдастро барои ҷиддан ва эҷодкорона ба рушди ҳунари худ машғул шудан водор ва ҳавасманд мегардонад.
Боиси тазаккур аст, ки дар ташкилу гузаронидани чунин озмунҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саҳми арзанда дорад. Кормандони Кумитаи иҷроия дар кори фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба ин масъала дахл намуда, мардумро ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ҳавасманду руҳбаланд мегардонанд.
Ҳамчунин онҳо дар озмунҳо бевосита иштирок намуда, аз рафти он маводҳо таҳия месозанд. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҳизб бошад ба ғолибон ифтихорномаҳо супорида мешавад, ки онро ҳунармандон чун подоши меҳнати худ дар амри иҷрои пешниҳоди Раиси муаззами ҲХДТ бо қаноатмандӣ ба даст мегиранд.
Алҳол ҳунармандони ноҳия барои иштирок дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳурӣ омодагӣ мегиранд.