БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ пешсаф буда, муносибати духура бо ин падидаи номатлубро хатарнок арзёбӣ мекунад

АНДЕША. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон нигаронкунанда аст. Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон миллионҳо одамони гирифтори хавфу таҳдиди ҷанг зиндагӣ менамоянд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари ҷаҳонӣ табдил ёфта, оташи ҷангу низоъҳоро меафрӯзад. Тоҷикистони азизи мо низ аз чунин хавфу хатар эмин нест.

Дар робита ба хавфу хатари терроризму экстремизм бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар кори он муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Дафтари зидди террористии Созмони Миллали Муттаҳид, Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагон зиёда аз 46 давлати дунё иштирок доштанд.

Пешвои миллат дар суханрониашон дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи низоъҳо ва зуҳуроти терроризму ифротгаро, қурбон гардидани ҳазорон одамони бегуноҳ, бехонаву дар мондани миллионҳо нафар одамон зарурати таҳия тадбирҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо терроризму экстремизм, аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии ин зуҳуроти манфӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  гуфтанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ то ҳол нисбат ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз меъёрҳои дугона кор мебаранд.

Дар шароити мураккабу пурттазоди имрӯза, зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор дорад,  мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.

Президенти кишвар бори дигар аз дини ислом дар арсаи ҷаҳонӣ дифоъ намуда,  фармуданд, ки набояд терроризм  ба номи ягон дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом алоқаманд дониста шавад. Бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳаду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд,  метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

 «Террорист,- қайд намуд Президенти кишвар  террорист аст ва ӯ ҳеҷгоҳ «худӣ» ё  «бегона» ва ё «таҳаммулгарову» «тундгаро»  буда наметавонад. Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шавад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар суханрониаш аз ҳодисаҳои аввали солҳои 90-ум ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешавад, рӯ ба рӯ шуда буд.

Пешвои миллат ҷанги шаҳрвандииТоҷикистонро «таҳмилӣ» номида, гуфтанд, ки дар он ҷанг садҳо ҳазор шаҳрвандони мо кушта, беш аз як  миллион нафар бехонумону фирорӣ гардиданд.

Президенти мамлакат ёдовар шуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар он солҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба хавфи терроризм ҷалб карда буд, вале ба садои мо кассе гӯш надод. Баъди амалҳои террористии даҳшатбори 11 сентябри соли 2001 дар Ню- Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он раво намуданд.

    « Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон – Афғонистонро батакрор таъкид мекардем. Вале баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд дар суҳбатҳои хоса мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо. Лекин вақт нишон дод, ки ҳамаи он ҳушдорҳои мо воқеӣ буданд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд»,- қайд намуд Пешвои миллат.

Дар конфронс Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зуҳуроти дигари хатарнок – паҳн намудани ғояҳои ифротӣ дар шабакаи интернет сухан ронд. Қайд намуд, ки «Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад». Пешниҳод намуд, ки барои аз байн бурдани ин таҳдид тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттлоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кӯмаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳими комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.

Сарвари давлат аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати дастгирии Афғонистон ҳама чораҳоро биандешанд. Зеро фақру бенавоӣ, бекорӣ, сатҳи пасти савднокӣ ва ҳифзи иҷтимои иаҳолӣ омилҳое мебошанд, одамонро водор менамояд, дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд.

Дар охир Пешвои миллат изҳори боварӣ намуд, ки конфронси мазкур дар муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез мусодат менамояд.

Исломиддин Гадоев, узви ҲХДТ, ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg