КӮШОНИЁН. Тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Сарвари давлат бо сокинони деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён мулоқот доир намуданд.
“Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун дастури созанда ва ҳуҷҷати роҳнамо моро ба ояндаи дурахшон раҳнамун сохта, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои бузург заминаи мусоид фароҳам меорад” иброз доштан намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат дар мулоқот. Инчунин, таъкид гардид, ки созандагиву бунёдкорӣ ва тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ин навбат низ аз мавзуъҳои муҳими Паём буд.