АНДЕША. Ҳамасола зимни ироаи Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақом ва ҷойгоҳи зан ба таври шоиста зикр менамоянд.
Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону модаронро ситоиш намуда, иброз доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки «То оне, ҳастам, ҳамеша модарону бонувони Тоҷикистони азизамро пуштибонӣ ва дастгирӣ хоҳам кард”, “Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу бомаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин тарбияткунандаи миллат ҳастанд, занон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”.
Таваҷҷуҳу эътибори доимии Пешвои муаззами миллат аст, ки имрӯз занону бонувон дар ҳама ҷода пешраванд. Ин таваҷҷуҳ мо, бонувонро ба амалҳои неку шоиста боз ҳам раҳнамоӣ мекунад. Бонувони кишвар дар симои Роҳбари давлат ҳомӣ ва пуштибони худро мебинанд. Барои назари хоса, диди амиқ ва дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами кишвар аз номи бонувон миннатдории амиқ мерасонам. Бигзор хизматҳои мондагори ин чеҳраи нурониву таърихӣ солҳои сол бар нафъи миллат кор диҳад.
Раҳимова Нигина, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак