БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА ЗАНОНУ БОНУВОН РУҲУ ИЛҲОМИ ТОЗА БАХШИД

АНДЕША. Паёми пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон, ки ҳамчун дастурамали кории барои тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакатро дар бар мегирифт, ба Мачлиси Олии кишвар ироа гардид.

Дар Паёми худ Пешвои  миллат хотиррасон карданд, ки шумораи вакилон аз ҳисоби занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ, вилоятӣ ба 30 фоиз расидааст, ки ин нисбат ба солҳои гузашта  зиёдтар мебошад. Боз ҳам шаҳодати он аст, ки  Точикистон метавонад  ҳамагуна маъракаҳои муҳимро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намояд.

Дигар масъалаи муҳиме, ки дар Паём зикр гардид,  Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро ба масъалаи баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбариву давлатӣ ҷалб намудани бонувони фаъолу пешоҳанги ҷумҳурӣ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ин боиси сарфарозиву нишоти кулли занону бонувони кишвар аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ баробари мардон бонувони кишвар ва дар рушди ҷомеа саҳми арзанда гузоштани онҳо низ зимни ироаи Паёми Сарвари давлат ин нуктаро таъкид доштанд, ки мояи ифтихори тамоми занону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Воқеан, Сарвари давлат шахси ғамхору дилсӯз мебошад, ки бевосита ба кадом шаҳру ноҳияе, ки сафар кунанд аз ҳолу аҳволи ятимону бепарасторон, маъюбон дидан намуда, ба онҳо ҳамчун падарвор ғамхорӣ кунанд, дасти кумаки худро мерасонад. Бо ин  мақсад  барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии гурӯҳи осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ба андозаи 20 фоиз ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз бардошта шуд.

Дар идомаи Паём барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хоҷагидорӣ ва кишоварзӣ ба соҳибкорзанон як қатор имтиёзҳо пешбинӣ карда шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2020 аз шаҳри Кӯлоб соҳибкорзанон соҳиби грантҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гардиданд, ки ин дастгириҳо дар ҷодаи соҳибкорӣ занону бонувонро рӯҳбаланд намуд.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Масъалае, ки дар Паём ироа гардид, ин ҳам бошад саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат мебошад. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар аз ҳисоби занон 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Паём мо занону бонувонро метавонад беш аз пеш масъулиятшинос намояд ва дар амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми худро гузорем.

Мунаввараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg