БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ БОСАОДАТ

МУЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар ноҳияи Муъминобод бо фаъолон ва истиқоматкунандагони кӯчаи Ҷавонон оид ба  баррасии муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олӣ, ки саннаи 26.01.2021 ироа гардид, гузаронида шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣӣ фикру андешаҳои хешро иброз дошта, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат  дар ҳама самтҳо муҳиму саривақтӣ буда, мо шаҳрвандонро зарур аст, ҳар як  банди дар Паём ироашударо  дар амал татбиқ намоем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат дар масъалаҳои истифодаи самараноки  замин, неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg