БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РАВШАНГАРИ РОҲИ ОЯНДАИ МОСТ!

АНДЕША. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯи одат ҳамасола Паёми Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар интизорӣ мекашанд. Албатта ҳар сол зимни ироаи Паём тамоми бурду бохт, даромад, истеҳсолот ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар натиҷагирӣ мешавад. Аз ҳамаи ин аҳолии кишвар хабар ёфта, фаъолияти давлатдориро дарк менамоянд.

Мардуми солманд ва ҷавонон бештар ҳар як нуктаи Паёми  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққат медиҳанду интизорӣ мекашанд, ки кадом имтиёз ва дастгириҳо боз пешниҳод мегардад. Пешниҳоду дастур ва вазифагузориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти шаҳрвандони мо таъсири мусбӣ мерасонаду барои шароити зиндагии осоиштаи мардум замина мегузорад. Дар замони соҳибистиқлоли мо барои рушди саноат ва маҳсулоти истеҳсоли худи Ҳукумати кишвар диққати ҷиддӣ медиҳаду ҷиҳати рушди ин соҳа имтиёзҳои нав ба нав фароҳам меоварад. Дар солҳои охир парандапарварӣ, занбӯрпарварӣ, моҳипарварӣ аз андоз озод карда шуд, ки дар натиҷа сифати маҳсулоти худӣ беҳтар гардида, арзиши он дар бозорҳо поён фаромад ва муҳимаш он, ки ба ҳама дастрас гардид. Ҳамаи масъалаҳое, ки вобаста ба ҳаёти рӯзмарраи мардуми мо мебошад, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба таҳлил меёбад.

Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ ба соҳаи кишоварзӣ диққатӣ зарурӣ дода, ҷиҳати рушди он тадбирҳои судманд меандешад. Хусусан дар Паёми навбати қайд, карда шуд, ки: “Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд”. Ин тадбир аз як тараф рушди соҳаи кишоварзӣ буда, аз ҷониби дигар ба фаровонии маҳсулот замина мегузорад. Фаъолияти ташкилотҳои лизингӣ, дастрас будани техникаҳои кишоварзӣ, албатта ба пешравии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ замина гузоштааст. Имрӯз дар ҳар як деҳаву маҳалла шумораи техникаҳои кишоварзии нав дар қиёс ба солҳои Шӯрави афзуда истодааст, ки ин имкон медиҳад, хоҷагидорон заминро самаранок истифода баранду  маҳсулоти кишоварзии худиро бештар истеҳсол намоянд.

Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонони фаъол зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои дастгирии онҳо имтиёз ва тадбирҳо андешида мешуд. Аз ҷумла, ҳамасола дар баробари дигар имтиёзу дастгириҳо дар Паёмҳои Президенти кишвар масъалаи дастгирии ҷавонони фаъол пешниҳод карда мешавад. Дар соли 2021 низ пешниҳод карда шуд, ки: “Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод менамоям, ки стипендияи онҳо аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”.  Тадбири мазкур ҷиҳати зиёд намудани шумораи донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо таъсирбахш мебошад.

Мо мардуми  Тоҷикистон дар давлатдории худ бо мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаем бо донишу заковат ва неруи худ онҳоро паси сар карда, барои рушди кишвар ва зиндагии осоишта талош варзидем. Имрӯз, ки сарзамини худро ба як кишвари амну субот табдил додаем, вазифадорем, ки соҳибистиқлолӣ ва муқаддасоти худро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дошта, насли наврасро дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ ба камол расонем. Вобаста ба ин масъала   дар Паёми Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карда шуд, ки:  “Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад”.

Сафаралӣ Мирзоев,  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg