АНДЕША. Соҳаи тандурустӣ яке аз он соҳаҳои иҷтимоие ба ҳисоб меравад, ки барои рушди он Сардори давлат ва Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Зеро саломатии миллат боигарии давлат мебошад.
Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қайд намуд, ки “бо назардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2, 1 миллард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда 1300 муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шуданд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳад”.
Пешвои миллат ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, самимона миннатдорӣ баён намуданд. Ин миннатдории Пешвои миллат мо, табибонро вазифадор менамояд, ки баҳри ҳифзи саломатии мардум боз ҳам хубтар, боз ҳам беҳтар меҳнат намоем ва дар минбаъда ҳам сазовори боварии Президенти мамлакат ва халқи кишвар гардем. Таъсис додани Маркази ҷумҳуриявии микробиология ва вирусшиносӣ, ки дар Паём аз ҷониби Президенти мамлакат пешниҳод гардид, кори мо табибонро дар ташхису табобати беморон дар оянда боз ҳам осонтар мегардонад.
Паёми навбатии Президенти мамлакат як барномаи мукаммали рушди соҳаи тандурустӣ ва фаъолияти кори ҳар яки мо корманди соҳа ба ҳисоб рафта, моро барои иҷрои вазифаи пурмасъулияти ба зиммадоштаамон рӯҳбаланд менамояд.
Фирдавс Мирзоалиев, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг