КӮШОНИЁН. Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик зебоипарастӣ яке аз сифатҳои муҳими инсонист. Манбаи зебоӣ аввалан аз табиат маҳсуб меёбад. Ташкили тарбияи самараноки экологии шаҳрвандон имкон фароҳам меоварад, ки инсон табиат ва муҳити зистро тоза нигоҳ дорад, онро афзун гардонад ва худ дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба наслҳои оянда боқӣ гузорад.
Ба ин хотир ва ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ шанбегӣ ташкил карда шуд.
Иштирокдорони шанбегӣ гирду атрофи деҳа ва оромгоҳи деҳаро ба тартиб дароварда, аз алафҳои бегонаи худрӯй тоза намуданд.