БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - МУЖДАИ ПИРӮЗИИ БОНУВОН

АНДЕША. Баробари тамоми мардуми тоҷик бо коллективи меҳнатӣ рӯзи 26.01.2021, соати 10 аз тариқи симо ва садо  Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии ҷумҳурӣ”-ро тамошо намудем.

Паёми имсола бисёр хотирмон аз он аст, ки дастовардҳои халқи тоҷик дар тӯли 30-соли Истиқлолият таҳлил гардида, ҳадафи олии давлат ва ҳукумати мамлакат таъмини  рушди устувори иқтисодии кишвар баланд бардоштан ва самаранок истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик мебошад. Ин ҳадафҳо ба фикри ман ҳар як фарди бонангу номуси миллатро вазифадор менамояд, ки барои пешрафти давлати ҳуқуқбунёдамон саҳми босазои худро гузорад.

Қайд гардид, ки вакилони ҳамаи сатҳҳо пеш аз ҳама худашон бояд фаъол ва ташаббускору ташкилотчӣ бошанд ва барои амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ободониву созандагӣ саҳмгузор бошанд.

Ман ҳамчун вакил, ҳамчун зан ва роҳбари як муассиса мегӯям, ки тамоми Паёмҳои Ҷаноби Олиро сармашқи кори худ намуда, заррае бошад, ҳам саҳми худро дар пешрафти ҷомеаи имрӯза мегузорем.

АМИРШОЗОДА Матлуба Амиршо, вакил аз ҳавзаи интихоботии №6, директори Муассисаи давлатии “Осорхона мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg