КӮШОНИЁН. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи дусолаи моводи ғизоӣ аз ҷумла кишти картошка, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии “Ориён” корҳои хочагидорию кишоварзӣ гузаронида шуд.
Дар ин рӯз аъзои ташкилоти ибтидоии номбурада дар замини назди ташкилоти худ дар майдони 0,08 га ба кишти картошка машғул шуда, барои саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоштанд.