БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМОИ СОЗАНДА

АНДЕША. Санаи 26-уми январи соли равон Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.

Воқеан ҳам ҳангоми тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути ахбори васоити омма ҳамчун як ҷавон дарк намудам, ки Паёми Пешвои миллат як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Дар Паём ҳамаи он масъалагузориҳое, ки вобаста ба тамоми самту соҳаҳои мамлакат ҳастанд баррасӣ гардиданд ва барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда дастурамалу барномаҳои мушахассу мукамал таҳия намуданд.  

Ҳар як нуқтаи Паём фардои дурахшони мо ҷавонон ба ҳисоб меравад, чунки дар ҳар як Паёми худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба ҷавонон зоҳир менамоянд. Дар вусъат бахшидани соҳаи илму маориф Ҳукумати мамлакат назорати қатъии сифати таълимро аз зинаи томактабӣ то дигар зинаҳои таҳсил хуб ба роҳ монда истодааст.  То имрӯз дар ҷумҳуриамон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41 адад расидаанд, ки ҷавонон метавононд дар шароитҳои хуби таълимӣ дар дилхоҳ макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намоянд. Стипендияи байналмилалии Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” имкон ба вуҷуд овард дар таҳсили ҷавонони боистеъдоди мо дар хориҷи кишвар. Зиёда аз 40000 нафар донишҷӯ, магистр, аспирантҳои кишвари мо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, ки ин ин шона аз рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба ҷавонони болаёқат назарраст аст. Бахусус, маблағи гирандагони стипендияи Президентӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон нисбат ба соли гузашта хеле зиёд карда шуд. Барои тавқият бахшидан ба вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрантҳо ва аспиранту доктарантҳо Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2021 ба андозаи 30% зиёд карда шавад.

Дар идомаи Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон рӯ оварда таъкид намуд, ки пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани ҷомеаи имрӯза кӯшиш карда истодаанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус ҷавононро ба ин созмонҳои манъшуда ҷалб намуда истодаанд. Мо ҷавонон намегузорем, ки хоинони миллат ба он нақшаҳои нопоки худро, ки солҳои 90-ум доштанд дубора даст зананд ва беш аз пеш зиракии сиёсии худро мустаҳкам намуда, дар таъмини амнияти мамлакатамон диққати аввалиндараҷа медиҳем.

Ҷавонон дар тамоми самту соҳаҳои кишвари азизамон кору фаъолият намуда истодаанд. Бахусус, дар соҳаи ҳарбӣ низ зиёда аз даҳҳо ҳазор ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи кишвар дар муассисаҳои таълими низомӣ таҳсил намуда истодаанд. Ҷавонони мо ҳамчн афсар дар ҷузъу томҳои гуногуни Кувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ба Ватан – Модар содиқонаву софдилона хизмат карда истодаанд.

Дар соли 2020 мо маъракаи муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони Маҷлиси вакилони халқӣ ва интихоботи Президентиро паси сар намудем, ки дар он нақши ҷавонон дар интихобот ҳалкунанда буд ва ҷавонони зиёде низ ҳамчун вакил дар ин маъракаҳои сиёсӣ пешбарӣ  гардида, аз ҷониби сокинон ҳамчун вакил интихоб гардиданд, ки дар рушди кишвари азизамон нақши назаррас доштанд.

Паём Президенти кишвар раҳнамои имрӯзу фардои мо ҷавонон ва таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишварро, бахсус ҷавононро зарур аст, Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намоянд. Дар ин росто дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус ҳадафи чоруми стратегӣ, саноатикунонии босуръат аз самими қалб ҳиссагузор буда, тақозои онро аз ҳар як сокини мамлакат менамоем, ки дар пиёда намудани ҳадафҳои созанда ҳамчун роҳнамо баҳри пешрафти минбаъдаи Ватани азизу маҳбубамон талош намоянд. 

Шоева Дилноза, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg