БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ БА МО ЗАНОН ИЛҲОМ МЕБАХШАД

АНДЕША. Паём барои мо занон ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ моро вазифадор менамояд, ки камари ҳиматро мустаҳкам баста, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии хешро оқилонаю пурсамар истифода барем.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, махсусан ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дод, ки як бори дигар барои мо занон руҳияи тозае бахшид, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз самими қалб сипосгузорӣ намуда, тамоми нерӯи зеҳнию ҷисмонии худро баҳри ободию шукуфоии диёри хеш сарф менамоем.

Чи хеле, ки аз Паём мо як бори дигар огоҳ шудем, саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувонро дастгирӣ намуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонд. Бо ин мақсад ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъол гардонидани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021 - 2030 ва нақши амалисозии  онҳо барои солҳои 2021 - 2025 таҳлил ва пешниҳод намояд. Мо занон аз ғамхориву дастгириҳои ҳамарӯзаи Президенти маҳбубамон аз самими қалб сипосгузорем.  Бо сипосгузорию хушнудӣ бояд иброз намоем, ки барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳимат баста, барои гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми худро гузошта, ба ояндаи ободу осудаи Ватани  аҷдодиамон самимӣ бошем, сулҳу субот ба сарзаминамон ҳамеша пойдор бошад.

Ин ғамхориҳо мо занонро вазифадор менамояд, ки имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз ба мардум бошем ва ба мардум беҳтар хизмат намуда, дар ҳама ҷабҳаҳо саҳмгузор бошем.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg