АНДЕША. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми январи соли 2021 баргузор гардид, бевоситаи дар бораи баланд бардоштани мақому манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ гуфта шуд.
Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор дорад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бори дигар таъкид намуданд, ки иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас мебошад. Имрӯзҳо занҳои тоҷик дар соҳаҳои маориф, тиб ва дигар корхонаҳо фаъолияти беандоза доранд.
Чӣ тавре, ки Пешвои миллат қайд намуданд бори вазнини зиндагӣ имрӯз дар души занон мебошад. Ҳамзамон Сарвари давлат «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки ба масъалаи истифодабарии самараноки нерӯи созандаи ҷавонону бонувон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби ҷавонон ва духтарону бонувони лаёқатманд ва инчунин, ташвиқи онҳо ба донишандӯзӣ аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ гуфта гузашта, қайд намуданд, ки вакилон аз ҳисоби занон дар Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлисҳои шаҳрӣ ва ҷамоату деҳот нисбат ба солҳои гузашта зиёд шудааст.
Имрӯз зани тоҷик дар қатори мардон дар ҳамаи соҳаҳо кор ва фаъолият намуда, барои тарбияи насли наврас дар роҳи ватандӯстиву арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ саҳми беандоза доранд.
Мо занони неругоҳ аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Сарвари давлат нисбат ба мақоми зан дар ҷомеа бениҳоят сарбаланд ва сипосгузорем, қавл медиҳем, ки дар зери Парчами Тоҷикистони азизамон саф кашида, барои халқу Ватани азизамон хизмат мекунем.
Давлятова Қурбонмоҳ, корманди НБО-и Норак, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак