БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии “Синома” бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрии ҳизбӣ доир ба тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат доир карда шуд. Зимни баромади худ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Синамо” Муҳаббатов Зафар ба сухан баромада доир, ба масъалаҳои мубрами рӯз ибрози ақида карда, гуфт, ки арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Сипас, дар интиҳои вохӯрӣ ба чанд нафар аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.