БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ИЛҲОМБАХШИ ФАРДОИ НЕК

БАЛҶУВОН. Аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ҳамарӯза миёни сокинон ва аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат суҳбату вохӯриҳои судманд доир гашта истодааст.

Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази хизматрасонии Гулдастон" аз тарафи мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия Муродова Марҷона миёни занону духтарон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ фаъолияти як солаи хоҷагии халқи ҷумҳуриро аз нигоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатӣ таҳлил намуда, дар назди сокинони мамлакат барои соли 2021 вазифаҳои наву мушаххас гузошт.

Пеш аз ҳама дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз Пешвои миллат ҳамаи он рӯйдоду навгониҳои соли 2020-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, диққати аҳли ҷомеаро ба идомаи мантиқии онҳо ҷалб намуд.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки тамоми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо либоси мактабии истеҳсолнамудаи дохилӣ таъмин гардонида шавад.

Аз ин рӯ бо занону духтарони маркази дӯзандагӣ вохӯрӣ ташкил намуда. бори дигар таъкидҳои Пешвои миллатро ҷиҳати таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли дохилӣ расонида, муроҷиат намудем, ки дар ин замина бе таваҷҷуҳ набуда, саҳми назарраси хешро гузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg