АНДЕША. Дар умури давлатдорӣ дар кишвари азизамон- Тоҷикистон, хоссатан дар сиёсатии инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи Зан-Модар ҷойгоҳи муқаддас дошта, ҷиҳати фаъол гардидани нақши занон дар ҷомеа чораҳои муассир андешида шудааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии модарро ситоиш намуда, гуфтааанд: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Дар ноҳияи Кӯшониён низ чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат занони фаъол дар ҳама соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия сарбаландона фаъолият доранд. Масалан, дар Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод 7 нафар вакилон-занони соҳибтаҷриба ва умуман дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба ҳайси роҳбарикунанда бонувон барои пешрафт ва рушди ҷомеа заҳмат кашида истодаанд.
Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нақши занону бонувони кишвар ёдовар гардида, қайд карданд, ки «Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.» Ва ҳамзамон ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 -2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Ин ташаббусҳо ва ин иқдомҳои Пешвои миллат бори дигар бонувон ва занону модарони ноҳияро рӯҳбаланд гардонид ва мо бонувон кӯшиш менамоем, ки барои сазовор гардидан ба боварии Пешвои миллат ҷиҳати ободии ин гӯшаи диёрамон саҳми назаррас гузорем. Мо занони ноҳияи Кӯшониён бо Пешвои миллат ифтихор дорем.
Фатҳуллоева Шарофат, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод