ҶАЙҲУН. Бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи варзиш» оид ба масъалаи фаъолгардонии ҷавонон дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Фарҳод Обидов оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дилхоҳ ташаббусҳои муфид ва самаранокро, ки дар самти муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва нашъамандӣ равона карда шудааст, дастгирӣ менамояд. Гузашта аз ин ташаббусҳои зидди мухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бисёр давлатҳои бонуфузи ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ ёфтаанд.