ФАРХОР. Бо мақсади баргузории корҳои ободонӣ дар доираи нақша- чорабиниҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрони ҳизбӣ ва дигар аъзои фаъоли ҳизб дар деҳаҳои Қуҳандиёр ва Иттифоқи ноҳия ҳаршарҳои дастаҷамъонаро ба роҳ монданд.
Дар чорабинии ҳизбӣ зиёда аз 100 нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҷонибдорони ин амалиёт иштирок намуда, корҳои тазакунии дохил ва гирду атрофи қабристонҳоро ба иҷро расонида, 50 адад дарахтони ороишӣ шинониданд. Чунин иқдомҳои неку созанда ба хотири боз рушду пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз буда, дар оянда низ ин ташаббус дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибӣдорони ҳизб амалӣ карда мешавад.