ДАНҒАРА. Кормандон ва волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо сокинон дар оромгоҳи “Ғарибако” - и Ҷамоати деҳоти Корез оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо амалиёти умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” роҳандозӣ намуда, як қатор корҳои ободониву созандагиро анҷом доданд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр карданд.
Дар ин раванд дар чорабинии ҳизбӣ иштирокдорон бо руҳияи баланди ватандӯстона бо шукргузорӣ аз обу ҳавои мусоид ва фазои сулҳу ороми кишвар ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи оромгоҳи мазкурро аз алафҳои бегона тоза кардаву ба тартиб дароварданд ва ниҳолҳои ороишиву сояафканро шинониданд.