АНДЕША. Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занон ва баланд бардоштани мақоми зан бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шуда, зимни иораи Паём иброз намуданд, ки саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ иброз намуданд, ки мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 шумораи занон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи пешина 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41, 5 фоиз, вилоятҳои Хатлон 35 Суғд, 33, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 30 фоизро ташкмл медиҳанд. Фаъолияти боновун дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас мебошад. Шумораи занон роҳбарон хоҷагиҳои деҳқонӣ 35600 нафар ва шумораи занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардид, барои фаъолияти занон дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Х. Ҷумаев, сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав