БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ–МУЖДА АЗ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Мусаллам аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми сарбаланду шарафмандаш ироа мегардад.

Мавриди зикр аст, ки воқеан таърихӣ будани Паёми имсола дар он аст,ки ин Паём дар арафаи ҷашнгирии сиюмин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз рост омад, ки ин дар сафҳаи таърих бо ҳарфҳои заррин сабт ҳоҳад шуд.

Асосан Паём аз дигар Паёмҳо ҳаҷману шаклан тафовут дошта бошад ҳам, вале мазмуну муҳтавои он ба як самт равона гашта, эҳё ва дарёфти роҳҳои навро барои расидан ба ҳаёти осоишта роҳнамоӣ ва талқин менамояд.

Имсол ҳамчун ҳамасола занони Тоҷикистон, алалхусус бонувон ва занони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳам тариқи оинаи нилгун аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор гаштанд ва баъди тамошои пахши мустақим дар чеҳраи ҳар кадоми онҳо ҳисси қаноатмандию хушҳолӣ бараъло эҳсос мегардид.

Пешвои миллат ҳамеша дар баромадҳои худ аз мавқею манзалати занон ва фаъолияти пурсамари онҳо изҳори қаноатмандӣ менамояд, ки имсол ҳам дар Паёмашон оид ба фаъолияти занон дар тамоми ҷабҳаҳо, яъне дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар махсус қайд карда гузаштанд, ки аҳли толор аз ин пуштибонӣ ва дастгирии занон аз тарафи Президенти маҳбуби кишвар бо кафкӯбиҳои бардавом тасдиқ намуданд.

Дар урфият мегӯянд, ки «Зан дар нозукӣ  ба мисли гул аст, яъне бо каме лутфу меҳрубонӣ шукуфон ва бо каме беэътибори пажмурда мегардад.»

Мо занон аз ин дастгирӣ, пуштибонӣ ва қадршиносии Роҳбари давлату миллат сарфарозем ва мо худро хушбахтарин занони рӯи олам меҳисобем, зеро чунин Пешвои ғамхору халқпарвар дорем ва зери сояи раҳматаш ба сармебарем.

Аз ин дастгириҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар худ боз як қувваи дигарро эҳсос менамоем ва баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони азиз садчанд меҳнат намуда, саҳми босазои худро мегузорем. Ва мо занон ба шиори Пешвои миллат ҳамовоз гашта мегӯем: Тоҷикистон ба пеш!.

Мавзуна Сунатуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg