БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ МАОРИФ ВА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва рушди соҳаи маориф,ки дар сиёсати  хеш ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар муаррифӣ намудааст, диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Рӯ овардан ба як ҷаҳон самимияти хосса  нисбати занон ва фаъолияти содиқонаи онҳо  дар соҳаи мухталифи кишвар  аз ҷониби Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми навбатӣ  масъулияти занонро дар пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат даҳчанд зиёда мегардонад.

Аз ҳисоби занон зиёд гардидани сафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо, зиёд гардидани  шумораи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонанд.

Дар ҳақиқат занону модарон ҳамаҷониба ва дар ҳар маврид сиёсати Пешвои миллатро дастгирӣ намуда,  баҳри пешрафту тараққиёти  давлат саҳми босазо мегузоранд.

Ман ҳамчун омӯзгор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод аз дастгириву ташаббусҳои  созандаи Сарвари давлат дар самти таъмини шароити арзандаи таълим  барои насли наврас ва баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа аз Пешвои муаззами  миллат сипосгузор буда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои пешрафту тараққиёти кишвар, таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузор бошем.

С. Ҷалилова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg