БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҲИЗБИ ФАЪОЛ ВА ТАШКИЛОТЧӢ

ПАНҶ. Шод намудани руҳи гузаштагон ва тозаву озода нигоҳ доштани  оромгоҳҳо яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин  мақсад  дар асоси иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ тасмим гирифт, дар доираи баргузории амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Оли сомон» бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб корҳои созандагиро ба роҳ монад. Дар ин чорабинии ҳизбӣ фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи оромгоҳи  деҳаро аз алафҳои худрӯйи бегона тоза карда, ба руҳу арвоҳи гузаштагонашон дуои хайр карданд. Ин иқдоми неку созанда аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоӣ, яъне сокинони деҳаи мазкур  бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳо миннатдории хешро ба Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб  изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg