АНДЕША. Мусаллам аст, ки ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад.
Паём тамоми самтҳои дохиливу хориҷии мамлакатро мавриди ҳаллу фасл қарор дода, дар он роҳҳои минбаъдаи фаъолияти тамоми соҳаҳои ҷамъиятиву давлатиро муайян сохта, уҳдадориҳои ҳар яки онҳоро мушаххасу возеҳ баррасӣ менамояд. Аввалан мо шод аз онем, ки дар ҷумҳурии азизамон Паёми Пешвои миллат ироа мегардад. Паём дар кишварҳое ироа мегардад, ки амну осоиштагии саросарӣ ҳукмфармосту Роҳбарияти олии ин гуна мамлакатҳо аз давлату миллати хеш бовариву эътимоди қавӣ доранд. Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми солҳои қаблӣ куллан тафовут дошта, дар он баъзе масъалаҳои муҳими давлатдориву чамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Яке аз масъалаҳои муҳиме,ки дар Паёми имсола садо доданд, истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон, ки мо имсол бояд онро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намоем, бо тамоми ҳастӣ ва ғурури баланди тоҷикона Сарвари давлат ба тамоми масъулони давлативу ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯстӣ мамлакат супоришҳои мушаххаси созандаву бунёдкорона дода, таъкид бар он намуданд, ки мо бояд ҳатман саҳмгузор ва ғамхори давлату миллати худ бошем.
Дар як навбат дар Паём зоҳир гардидани ғамхориву мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор гирифтани табақаҳои ниёзманду маъюбон, занону ҷавонон ва нафақахӯрону дигар қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар аз ҷониби Президенти кишвар боис ба он гардид, ки дар Паёми навбатӣ мавриди муҳокимаронӣ ва баланд бардоштани нафақа ва идрорпулии гурӯҳе аз донишҷӯёну нафақахӯрони кишвар шавад.
Президенти мамлакат дар Паёми имсола қайд карданд, ки соли сипаригашта, яъне соли 2020 бо сабабҳои бо суръат паҳн гардидани бемории ҳамагирӣ коронавирус на танҳо барои мо тоҷикон, балки барои бошандагони кулли сайёра вазнину шиддатнок сурат гирифта, ҷони миллионҳо бошандагони сайёра, аз ҷумла чандин шаҳрвандони моро низ рабудааст. Аз ин рӯ соли 2020 барои ҳаёти ҷамъиятиву давлатии мо низ вазнину сангин омад. Инчунин, Пешвои маҳбуби мо дар Паём таъкид бар он намуданд, ки бо сабабҳои харобиовари ин вабои аср, ки то ҳол ҷомеаи чаҳониро таҳдид мекунад, оқибатҳои буҳроноварандааш дар соли нави 2021 низ ҷомеаи моро низ бетараф нахоҳад гузошт. Ҳар яки моро зарур аст,ки баҳри афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ кӯшиш намуда, ҳадди ақал захираи 2-солаи хӯроквориро дошта бошем.
Хулоса агар сари ҳар як суханони пурмуҳтавои Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ироа доштанд, муҳокимаронӣ ва мавриди шаҳру тавзеҳ ва таҳлил ва ҳар як нуктаи онро назарсанҷӣ намоем, рӯзҳо, ҳафта, моҳҳо камӣ хоҳад кард.
Дар пайравӣ аз суханони Пешвои миллат, ки дар Паём садо дода буданд, ба сокинони мамлакат таъкид карданием, ки танҳо ва танҳо мо сокинону бошандагони кишварро зарур аст, ки дар ин вазъияти зудтағийрёбанда ва ноустувори чаҳони муосир дар зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари хирадманди миллат, нобиғаи нотакрори давру замони хеш муттаҳид шуда, барои расидан ба ҳадафҳои зиндагии шоистаи халқу миллат гомҳои устувор гузорем. Нагузорем,ки нохалафе фазои амну осоиштагии халқи азиятдидаи тоҷикро бори дигар халалдор созад.
Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин