Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раҳимбек” вохӯрӣ баргузор карданд.
Масъулин бо мақсади татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, камхарҷ баргузор кардани тӯю маъракаҳо, саҳм гузоштан дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи раҳмату мағфират аст, анҷом додани корҳои хайру сахо ва дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан суханронӣ намуданд.
Инчунин, дар ин раванд атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту зиёдаравӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи ҷойҳои нави корӣ дар хона, самаранок истифода бурдани заминҳои кораму нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи хизмати он андешаронӣ намуданд.