БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУЖДА АЗ ПИРӮЗИВУ ДАСТОВАРДҲОСТ

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Парлумони мамлакат Паёми тозаи нусратофарин ва ояндаафрӯз буда, муждаи пирӯзии миллат  дар тамоми соҳаи иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, Паёми омадани идҳову ҷашнҳои мубораки Ватан аст.

Соли гузашта барои аҳли сайёра соли шадидтарин имтиҳонҳо буд. Давлатҳои ҷаҳон, ҳатто кишварҳои пешрафта аз ин озмоиши сангин нотавон берун омаданд. Аммо хушбахтона, бо вуҷуди таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ иқтисоди кишвари мо 4,5 баробар рушд намуд.

Соли сипаригардида илму маорифи бархе аз кишварҳои ҷаҳон бетаҳаррук шуд, аммо дар Тоҷикиситон 157 муассисаи таълимӣ таъсис ёфтанд. Дар Паёми имсола ба масоили тадрису таълим   руҷуи муфассал шуда ва ду соли қаблӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва « Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ҳаёти аҳли Ватан дигаргунии зебои рӯҳонӣ  эҷод карда, ба мардум барои андӯхтани  илму дониш таҳрики бузург бахшиданд.

Ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз лутфу башоратҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҳамчун субҳи ҳидояту офтоби ҳимоят бархӯрдоранд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат 20% баланд бардоштани нафақаи кӯдакони маъюб то синни 18 сола ва 50%баланд бардоштани нафақаи гурӯҳи якум бозгӯи меҳру муҳаббати пайвастаи Пешвои миллати раъиятпарварамон мебошад.

 “Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”.

Шаҳло Ҳасанзода, узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg