БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО ВА ДУРНАМОИ ИНКИШОФИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИСТ

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таҳкими заминаҳои конститутсионии давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва пояҳои давлатдории навини Тоҷикистонро тақвият бахшид. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро дар пешрафти давлат арзишманд шуморида, тарғибу ташвиқи фарҳанги тамаддунсозу тамаддунофари тоҷиконро махсусан қайд карданд.

Пешвои миллат ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд. Баҳри зина ба зина баланд бардоштани некӯаҳволии халқ дар Паёми имсола Президенти кишвар аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбонро дар ҳаҷми 20 % зиёд кард. Ғамхории падаронаи Пешвои миллат нисбати гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа баръало ҳис карда мешавад. Қариб 100 000 нафар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2021 нафақаашон зиёд мешавад, ки барои некӯаҳволии одамон як иқдоми ҷиддӣ мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тамоми нерӯҳои солими ҷомеаро дар сафҳои худ муттаҳид намудааст ва бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби роҳнамою пешоҳанги ҷомеа буда, дар самти пойдории Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва рушди устувори кишвар шаҳрвандонро сафарбар намудааст. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат ба хизматчиёни давлати таъкид доштанд, ки бо халқ бошанд, аз ҳолу аҳволи халқ бо хабар бошанд. Дар ин радиф Президети мамлакат ёдовар шуданд, ки “Мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва дастгиру ёрирасони якдигар бошем”.

Пешвои миллат дар Паёми имсола ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Табибони мо хусусан дар давраи бемории сироятии коронавирус шуҷоату қаҳрамонӣ нишон дода, ба беморон шифо бахшиданд. Пешвои миллат қайд карданд, ки соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 108 иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 110 000 кормандони соҳаи тандурустӣ кор карда, аз ин шумора 75 000 нафараш табибон ва кормандони соҳаи миёнаи тиббӣ мебошанд.

Пешвои миллат ба нерӯи ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар эътимоди қавӣ дорад ва бо қаноатманди қайд карданд, ки ҷавонони бо нангу номуси мо ҳамчун нерӯи созанда дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд.

Мо ҷавонон аз ин созандагиву бунёдкориҳо ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, баҳри сазовор пешвоз гиифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуии Тоҷикистон содиқонаву софдилона хизмат хоҳем кард.

Раҳимҷон  Шарипов, муовини раиси КИ ҲХДТ  дар    ноҳияи    Ҳамадонӣ    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg