БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУАРРИФГАР ВА ПЕШБАРАНДАИ РИСОЛАТИ ЗАН- МОДАРИ ТОҶИК

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 26.01.2021 ба халқи шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, воқеан тарихӣ буда, ба соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишварамон рост меояд.

Пешвои муазами мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, энергетика, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ба хусус нисбати мақоми зан, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад, ибрози андеша намуд. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Чӣ хеле, ки қайд намуданд, имрӯзҳо қариб 24% хизматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас мебошанд. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Самараи Истиқлолият ва талошҳову дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону мақомоти гуногуни кишвар ва байналмилал садо баланд карда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва аз музаффариятҳои худ ифтихор менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти занони деҳот, рушди соҳибкории онҳо аҳамияти махсус равона намуда, баҳри такмили қонунгузории соҳа ва рушди соҳибкории хурду миёнаи занон шароити мусоид фароҳам овард. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ва рушди ин соҳа бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намуди имтиёзҳои иқтисодӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Ин дастгирӣ имкон медиҳад, ки занону духтарони деҳот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, такмили ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, намадресӣ,  рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ фаъолияти худро бомуваффақият ба роҳ монанд.
Таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдаст, ғамхорӣ нисбати солимии модару кӯдак аз чораҳое гаштанд, ки барои беҳгардонии вазъи занон такони ҷиддӣ бахшанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ дар оғози соли нав ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ Паём ироа намудани Роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Паёми навбатии  Пешвои миллат ба ҳар яки мо пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Мо занону бонувон ба ин санади муҳимму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи фаъолияти доимии худ қарор медиҳем.

Девонаева Хуршеда, вакили Маҷлиси вакилони  халқи  шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg