БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ФАРДО

АНДЕША. Паёми навбатии Пешвои миллат якчанд ҷиҳати муҳимро фарогир мебошад, ки амалисозӣ ва пайгирии онҳо барои рушди инкишофи ояндаи давлатдории миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Пешвои муаззами миллат дар идомаи ташаббусҳои созандаву иқдомоти наҷиби худ зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат бо мақсади проблемаҳои глобалӣ ҷаҳони хатари пандемияи короновирус ёдовар шуданашон аз он дарак медиҳад, ки набояд мо ба хоби ғафлат гирифтор шавем, балки дар роҳи пешгирии ин вабои аср ҳама вақт дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Назари пешбинонаи Пешвои миллат моро водор месозад. ки дар ин самт иқдомҳои ҷиддӣ бигирем ва дар байни аҳолӣ оид ба  масъалаи захираи дусола доштани ҳар як оила корҳои таблиғотиро пурзӯр намоем. 

Сокинони шарафманду ҳизбиёни ноҳияи зебоманзари Муъминобод, низ  ташаббуси навбатии Сарвари давлатро амри зарурӣ дониста, баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагӣ ва қарзи ватандории худро иҷро менамоем.

Фарзона Шарифова,  раиси ташкилоти ибтидоии  ҳизбии муассисаи томактабии №1-и  ноҳияи Муъминобод                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg