БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРИ КОРИИ МО

АНДЕША. 26 январи соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа карда шуд. Онро мо тариқи оинаи нилгун пурра тамошо карда, нуктаҳои асосиашро барои худ қайд намуда гирифтем, ки сармашқи кор худ кунем.

Дар ҳақиқат, Пешвои миллат дар Паёмашон баён доштанд, “Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки Шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд”. Ба ҳамаи ин мушкилоту вазниниҳо нигоҳ накарда, дар соли 2020 Тоҷикистон пеш рафта, тамоми соҳаҳои мамлакат рушду нумуъ карданд. Чун ҳамавақта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба соҳаи илму маориф ва занону ҷавонон таваҷҷуҳ карда, барои пешрафт ва тарққиёти ин соҳаҳои афзалиятнок тадбиру дастурҳои зарурӣ роҳандозӣ ва пешниҳод намуданд. Яке  аз ин гуна иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм - фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамаи мо хуб огоҳӣ дорем, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон  ҳамраъӣ ва дастгирии куллиро пайдо намуд. Баргузории чунин озмун аз дстгирии ғолибони онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат, аз ҷумла тадбирҳои зарурӣ мебошад. Умедворем, ки озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм - фурӯғи маърифат» аз ҷониби ҳамватанон ҷонибдорӣ пайдо мекунад ва барои рушду пешрафти ин илмҳо заминаи хуберо мегузорад. Ташаббуси дигаре, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуд, ин аз якуми сентябри соли 2021 бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо стипендияи онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин ҷавонон ва донишҷӯёнро барои азхудкунӣ ва омӯзишӣ илмҳои замонавӣ роҳнамо месозад.

Соли 2021 барои мо Тоҷикистон соли таърихӣ хоҳад шуд. Чунки мо  ҷашни бузурги сисолагии Истиқлоли давлатӣ дорем. Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Вазифаи асосии ҳар яки мо - аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардумӣ, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ - содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст”.

Аз ин рӯ моро лозим аст, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми имсолаашон ба Маҷлисӣ Олӣ баён дошта, иҷро намуданд дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg