АНДЕША. Паём ифодагари имрӯзу фардои миллати тоҷик ба шумор рафта ҳар сол як маротиба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Паёми имсола нисбат ба Паёмҳои қаблӣ фарқкунанда буда, дар он ҳамаи паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар шарҳ дода шуданд. Инчунин, ба соҳаи имлу маориф, ки яке аз самтҳои асосӣ барои рушди минбаъдаи боустувори кишвар муҳим мебошад, таваҷҷуҳи Пешвои миллат бениҳоят калон аст. Президенти кишвар дар Паёмашон иброз доштанд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм - фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамзамон, дар идомаи суханрониашон иброз доштанд, ки озмунҳои «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор намуда, маблағи онҳо зиёд карда шавад. Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Рустам Тағойзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фархор