БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ТАЪМИНКУНАНДАИ РУШДИ СОҲАИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ КИШВАР

АНДЕША. Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон далолат ба рушди минбаъдаи ҷомеаи имрӯзаи кишварамон мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун як кишвари рушдкунанда ва пешсаф эътироф шудааст, ки боиси ифтихору сарфарозии мост. Аз ҷониби дигар, Паёми имсолаи Пешвои миллат хусусияти инсонмеҳварӣ дорад. Дар он таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як тоҷикистонӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин соҳаи иҷтимоӣ, ки яке аз соҳаҳои миҳими хоҷагии халқи мамлакат ба шумор рафта, зери таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат қарор дорад. Аз ҳамин сабаб бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд, ки ин амали бениҳоят инсондӯстона мебошад. Ҳамҷунин гуфта шуд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуд.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои зикршуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Вобаста ба ин масъала фикр мекунам, ки тамоми мардуми кишвар дар амалисозии ин ҳадаф бояд саҳми арзандаи худро бо тариқи истифодаи мақсадноки заминҳои дар ихтиёрашон дошта гузоранд.

Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар масъалаи афзоиши иқтидори иқтисодии кишвар иброз доштанд, ки соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.

Ҳамаи ин дастовардҳо мардуми заҳматкаши ноҳияи Фархорро рӯҳбаланд намуда, водор месозад, ки корро дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ ҷоннок намуда, ҷашни дарпешистодаи “30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”-ро дар сатҳи баланди сиёсӣ ва фарҳангӣ пешвоз гиранд.

Тағойзода Р., сокини ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg