БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА БАЛАНД АСТ

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таърихии таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тамоми сокинони ҷумҳурӣ, алалхусус бонувонро водор менамояд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат беш аз пеш саъю кӯшиш намоянд.

Бояд қайд намуд, ки дар Паёми имсола низ ба мисли солҳои пешин ба масъалаи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 шумораи занон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, дар  маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд,  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбати солҳои пеш зиёд гардидааст. Ҳамчунин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодааст. Ин аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат саҳми занонро дар рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ  ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвари азизамон, низ назаррас арзёбӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро минбаъд низ дастгирӣ намуда, таъкид доштанд, ки ба хотири ҷалби бештари занону духтарони кишвар ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешавад.

Барои дастгирии занонону бонувон Пешвои муаззами миллат ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш доданд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Аз ин ташаббус мо занон руҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри тарбия  намудани фарзандон дар руҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги тамаддунофари халқи тоҷик, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва таъмини иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоем.

Тоғойбегова Фотима, вакили Маҷлиси вакилони   халқи шаҳри   Норак       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg