БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН ОЛИҲАИ ЗЕБОӢ ВА РӮШНОИИ ХОНАДОН АСТ

АНДЕША. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ба таълими пешрафти самтҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Инчунин, нақши занони тоҷикро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии имрӯзаи ҷомеа эътибори ҷиддӣ дода, ба ҳар як зане, ки дар шохаҳои ҳокимияти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд  саҳмгузор ҳастанд, баҳои баланд  дода, иброз доштанд, ки дар фаъолияти  Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне сохтроҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат низ баробари мардон занони саҳми сазовор доранд.

Аз ин рӯ, мо занону бонувони мамлакатро мебояд, ки мардонавор ба боварию ғамхориҳо ва  дастгириҳои Сарвари давлатамон ҷавобан содиқона, самимона дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва нигоҳдории оилаи солим , нақши басо арзишманд гузорем.

Мо, занону бонувони даврони истиқлолият  дар роҳи ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати муосиру пешрафта нақши хешро хеле муҳим медонем ва минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа, насли наврас ва ҷавононро  беҳтар гардонем ва барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро муҳайё созем.   Дар баробари ин, дар пеши худ мақсад мегузорем, ки ба  насли наврас ва ҷавонон сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзонда, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир огоҳ намоем,то ин ки  таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро дуруст аз худ намоянд. Дар ҳама ҳолат марзу бум, обу хок, миллату давлати азизи хешро ҳимоя кунем. Ватан- Модар, миллат, истиқлолият ва рамзҳои давлатӣ, инчунин забон ва фарҳанги худро эҳтиром кунанд ва самимона дӯст доранд.

Мо, занону бонувони ҷомеаи имрӯза  шукронаи  ободию осудагӣ, шукронаи дар фазои  сулҳу субот ба камол расидани фарзандони хешамон менамоем.

Солиева Зайнаб, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg