БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Рӯзи 26 январи соли 2021 мардуми кишвар шоҳиди як рӯйдоди басо муҳим -  ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд,  ки дирӯзу имрӯзу ояндаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар бар гирифтааст ва ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз барои ҳар як сокини мамлакат хизмат мекунад.
Мо, кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия дар толори китобхонаи марказӣ ба таври дастаҷамъона Паёмро шунида, аз нуктаҳо ва муҳтавои он рӯҳу илҳоми тоза гирифтем.

Аз Паём мо фарҳангиён вазифаҳои худро, ки дар  солҳои минбаъда ба таври возеҳ оварда шуд, муайян намудем.

Моро баҳои додаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва изҳори қаноатмандӣ намуданаш аз баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар ҳаёти мардум , аз ҷумла наврасону ҷавонон дар хондану аз ёд намудани асарҳои назмию насрӣ ва илмӣ пешравиҳои фараҳбахшро ба миён овард, дар баробари қаноатмандӣ ҳосил намудан вазифадор менамояд, ки ба кори таблиғу ташвиқи хондани китоб боз ҳам пурмаҳсултар кору фаъолият намоем. Зеро таваҷҷуҳ ба ин озмун дар соли 2021 боз ҳам ҷиддитар гардида, на танҳо хонандагон,  балки падару модар ва омӯзгорони онҳо ҳам барои ишғоли ҷойҳои сазовор ҳавасманд гардонда мешаванд.

Тақвияти ҳифзи иҷтимоии мардум, сиёсати давлатӣ нисбати занон, ҷавонон, ҳифзу нигоҳдории арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз пешгомиҳои давлатдории тоҷикон доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳон, аз қабили масъалаи об, беҳдошти кураи замин ва дигарҳо бори дигар мардуми кишварро дилпур сохт, ки қадамҳои гузоштаи халқи шарафманди тоҷик, давлатдории он дар ҳаёти рӯзмарраи худ ва дар арсаи байналмилалӣ устувор, мақсаднок ва натиҷадор аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз он пешниҳодҳои Сарвари давлат оид ба “20 - солагии рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ” (солҳои 2020 -2040),  ташкил ва баргузор намудани ҳар гуна озмунҳо барои ҷалби бештари  ҷомеа ҷиҳати рушди илмҳои номбурда ва ҳамаҷониба ҳавасмандгардонидани иштирокчиёни ин озмунҳо бо мукофотҳои пулии ҳаҷман калон   саривақтист. Мо кормандони соҳаи китобдорӣ , ки ҳамарӯза ба хонандагон, ташнагони дониш сару кор дорем, инро бараъло ҳис менамоем. Хуб медонем, ки хонандагон имрӯз бо азхудкардани илмҳои дақиқ ниёз доранд ва ҳаёти имрӯзаи ҷомеа низ инро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз мо мутмаинем, ки тадбирҳои андешидаи давлатдории мо барои рушду нумуи кишварамон дар солҳои баъдӣ саривақтӣ, манфиатнок мебошад.

Маҳсиддин Сайтоҷов,  директори маҷмуаи  китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg