АНДЕША. Чӣ хеле, ки ҳамагон огаҳӣ дорем рӯзи 26-январи соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ироа гардид.
Дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту саноат, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, энергетика, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт. Паёми навбатии Пешвои миллат, ҳақиқатан Паёми таърихӣ буда, ба истиқболи яке аз санаҳои таърихию тақдирсози кишварамон, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Соли 2020 аз як тараф соли бобарор арзёбӣ гардад ҳам, вале аз тарафи дигар ба кулли сокинони сайёра, аз ҷумла ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ яке аз солҳои вазнин буд.
Дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ё худ КОВИД-19 паст гардидани иқтисодиёти миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ ва инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонид.
Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда бо мақсади беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-сентябри соли 202 музди меҳнати кормандони соҳаи буҷети ва стипендиҳо 15%, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10% зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50% зиёд карда шуд.
Дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии кишоварзони мамлакат пешниҳод намуданд, ки дар соли 2021 тамоми кишоварзони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шавад.Бо мақсади дастгирӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо бо дастгирии Пешвои миллат аз 1-сентябри соли 2021 ба андозаи 30% ва дар ин замина нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва нафақаи кӯдакони маюби то 18-сола ба андозаи 20%, инчунин нафақаи маюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50% зиёд карда шуд. Дар ин росто бо мақсади соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ятимони кул аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди се мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кул дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаю падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро зарур аст, ки пеш аз ҳама барои пойдор ва ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, нагузорем ки ба ин неъматҳои бебаҳо чашми нохалафе бирасад.
Раҳмон Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон